Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия

13.10.2021 15:18

12 октябри 2021 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд бахшида ба      60-мин солгарди Ҷунбиши адами тааҳҳуд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович мулоқот анҷом дод.  

Ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобиланд судманди Тоҷикистону Сербия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ гуфтугӯ намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии амиқи худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн иброз дошта, шарокатро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва Ҷунбиши адами тааҳҳуд муҳим арзёбӣ карданд.

MFA-Serbia-1.jpg

MFA-Serbia-2.jpg

MFA-Serbia-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим