10 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири Президенти Фаронса оид ба Аврупои континенталӣ ва Туркия хонум Изабел Дюмон баргузор гардид.
Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, хусусан дар партави натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар санаҳои 12-14 октябри соли 2021, табодули судманди афкор намуданд. Дар ин робита, раванди созандаву пайгиронаи муколамаи сатҳи олии ду кишвар баланд арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса иброз карда шуд.