Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса

13.11.2021 12:05

12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардиданд. Фаронса дар заминаи муносибатҳои наздик ва дӯстонаи ду кишвар шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши Тоҷикистон дар Аврупо хонда шуд.  

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои пурмаҳсули боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Фаронса 12-14 октябри 2021 ва муколамаи сатҳи олии зимни он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро барои татбиқи зарфиятҳои иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ду кишвар таъкид доштанд.

1S7A8972.jpg

 

Нигористон

Тақвим