20 декабри 2021 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон ал-Рассӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд.