Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии ВУХ-и Эрон

05.01.2022 13:22

2 январи 2022 дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт. 

vokhurii-Safir-ba-Raisi-MM-siesi-20220101-080924.jpg

Нигористон

Тақвим