Вохӯрӣ бо  Муовини вазири корҳои хориҷии Миср

18.01.2022 13:48

17 январи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар доир ба кишварҳои осиёӣ Айман Комил мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили таҳкими муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои фаъол, аз ҷумла тавассути табодули сафарҳои сатҳу зинаҳои гуногун ва тақвияти заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ зоҳир гардид.

IMG-20220117-WA0021.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим