14 феврали 2022 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдии Имонипур ба муносибати ташрифи ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба Эрон ҷиҳати ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Фаҷр” баргузор гардид.
Ҷониби эронӣ аз ташрифи ҳунармандони тоҷик изҳори хушнудӣ кард ва ба намоишномаҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик пешкаши тамошобинони эронӣ гардиданд, баҳои баланд дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Эрон табодули назар карданд.