Мулоқоти Сафир бо Мудири сиёсии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Аврупои Люксембург

28.02.2022 16:10

Дар Люксембург мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Мудири сиёсии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҳертсогии Бузурги Люксембург Вероника Докендорф баргузор гардид.

Раванди пайгирии умумии равобити ду кишвар сурат гирифта, масоили умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Люксембург мушахассан баррасӣ гардиданд.

Дар ин росто ҳамкориҳои ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид мавриди баҳси хосса буданд. Ҳарду тараф барои пуштибонии якдигар ҳангоми пешниҳод гардидани номзадии кишварҳо ба ниҳодҳои мухталиф мувофиқа намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Люксембургро бо навтарин ибтикороти кишвари мо дар бахши дипломатияи об шинос намуда, чорабиниҳои пешниҳодии Тоҷикистонро дар ин бахш муаррифӣ намуд ва даъватномаи Сарвазири кишварро ба номи Сарвазири Люксембург К. Беттел ба В. Докендорф супорид.

Ҷонибҳо дар бораи пайгирии мавзуъҳои баррасишуда ва тамосҳои оянда ба мувофиқа расиданд.

28.02.2022.15.20.jpg

Нигористон

Тақвим