2 марти соли 2022 аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 30 сол сипарӣ гардид. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону СММ дар сатҳи муносиб қарор дошта, он дар самтҳои авлавиятнок пайваста дар ҳоли рушд аст.
Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои старатегӣ, аз ҷумла дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 фаъолона мусоидат намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо саҳми арзанда доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар мусоидат ба таҳкими сулҳу субот, инчунин расидан ба ҳадафҳои рушди устувор назаррас арзёбӣ менамояд.
Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмон дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби СММ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иштироки фаъол дорад.
Дар даврони узвияти кишвар дар ин созмони пурнуфуз якчанд ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он ба мақсади бунёди ҷаҳони амну ва қобили итминони комил барои наслҳои оянда идома хоҳад дод.