11 марти соли 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор гардид.
Форуми мазкур ба мақсади дар амал татбиқ намудани тафоҳумҳои ба даст омада, зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар доир карда шуд.
Аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи андоз ба ширкатҳои чинӣ имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.
Дар форум ҳамчунин аз ҷониби ширкатҳо лоиҳаҳои мушаххас муаррифӣ гардида, байни ширкатҳо муколама доир гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ доир гардид, Сафири Тоҷикистон дар Чин, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии Чин оид ба ислоҳот ва рушд, Котиби генералии Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ 150 нафар иштирок намуданд.