30 марти соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии доир ба умури парлумонӣ Осим Ҳанафӣ Ас-Сайфӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъол намудани гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ шуд.
Бо ҳамфикрии ҳарду ҷониб таъкид гардид, ки имкону зарфиятҳои мавҷудаи назди парлумонҳо барои таҳким ва тавсиаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бояд истифода шавад.