22 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И озими Чин шуд.
Зимни сафари мазкур, ки то 25 июл идома хоҳад кард, вохӯриҳои С.Аслов бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Чин, узви Шӯрои давлатии Чин Ян Чзечи ва бо роҳбарияти Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳотии Чин дар назар аст.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар С.Аслов дар назди доираҳои илмӣ ва коршиносони системаи Академияи илмҳои иҷтимоии Чин суханронӣ намуда, бо рӯзноманигорони Чин мусоҳиба хоҳад кард.