21 июли соли 2015 Намояндаи доимии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Саманта Пауэр аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дидан кард.
Зимни мулоқот Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М.Маҳмадаминов оид ба зарари офати табиӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон рух дода буд, маълумот пешкаш намуд.
С.Пауэр нисбати талафоти ҷонӣ ҳангоми офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ намуда, иброз дошт, ки муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба таваҷҷуҳи Ҳукумати ИМА пешкаш менамояд ва таъкид кард, ки Ҳукумати ИМА дар бартараф намудани зарари офати табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои Конфронси Душанбе ва ҷамъбасти даҳсолаи об, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, Саммити дар пешистодаи СММ ва чорабинии махсуси Тоҷикистону кишварҳои узви дӯстони об дар ҳошияи Саммити мазкур ибрози назар намуданд.