Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:
Муовини сардори Раёсат-сардори Шӯъбаи сиёсати иқтисодии хориҷӣ ва ҳадафҳои стратегии Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой;
Сардори Шӯъбаи муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамкории Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой;
Мушовири Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 3 ҷой;
Котиби якуми Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой;
Мутахассиси Раёсати кишварҳои Осиё ва Африка – 1 ҷой;
Мутахассиси Раёсати кишварҳои Европа ва Америка – 1 ҷой;
Мутахассиси Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
Мутахассиси Раёсати молиявӣ – 1 ҷой.
Талабот нисбати довталабон:
маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, нақлиёт, об, гидроэнергетика ва муҳити зист;
донистани асосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва иқтисодӣ;
дониши мукаммали забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ);
собиқаи корӣ на кам аз 5 то 7 сол дар сохторҳои хизмати давлатӣ марбут ба иқтисод, нақлиёт, об, гидроэнергетика ва муҳити зист (афзалият дода мешавад);
таҷрибаи кофии маъмурияти Windows ва Microsoft Office;
малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавии иқтисодӣ, ҳолати истифодаи об дар минтақа ва равандҳои байналмилалии обӣ, талаботҳои экологӣ;
дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).
Хоҳишмандон метавонанд ба Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ариза
ба номи Вазири корҳои хориҷӣ;
2. Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;
3. Тарҷумаи ҳол;
4. 2 дона расм (4,5 х 6,5);
5. Нусхаи шиноснома;
6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
8. Маълумотномаи тиббии №086 (тибқи тартиби муайянгардида);
9. Маълумотнома оид ба даромад ва амвол;
10. Тавсифнома аз ҷойи кор;
11. Маълумотнома оид ба доғи судӣ;
12. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
Ҳуҷҷатҳо аз 22 июл то 21 августи соли 2015 қабул карда мешаванд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-70-27