Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи якуми соли 2015 талош намуд, то равобити гуногунҷанба бо кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ рушду инкишофи тоза пайдо кунанд.
Дар нимаи аввали соли 2015 сафарҳои кории Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея (10-14 апрел), Федератсияи Россия (8-9 май) ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (12-13 июн) баргузор гардиданд. Тайи ин муддат, сафарҳои расмӣ ва кории Вазири корҳои хориҷии ҶТ ба Қирғизистон (3-4 апрел), Туркманистон (4-5 май), Ҳиндустон (13-14 май), Федератсияи Россия (2-4 июн) ва ИМА (13-16 июн) низ сурат гирифтанд.
Ҳамчунин, дар ин давра Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Сарвазири Қирғизистон бо сафарҳои расмӣ, Дабири кулли СММ, Сарвазири Ҷумҳурии Габон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафарҳои корӣ ва даҳҳо ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои бонуфуз ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар нимсолаи якум чандин чорабиниҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон барпо гардида, миёни онҳо, ба хусус дар сатҳи муносиб ташкил ва баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” 2005-2015 (9 – 11 июн), аз аҳамияти хосса бархурдор аст.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, зиёда аз 193 ҳайати гуногунсатҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъмини ташрифотӣ-тадорукотии онҳо мусоидатҳои лозимаи сохтори дахлдори Вазорат сурат гирифтанд.
Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи кишвар таҳким ёфта, 20 санади дуҷониба ба имзо расид.
Дар ин давра Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти ҶТ тасдиқ гардид.
Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ равобити дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ рушду тавсеа пайдо карданд.
Муносибатҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, дар асоси усули шарикии стратегӣ ҷараён гирифта, ҳамкориҳои гуногунҷанба таҳкиму густариш ёфтанд.
Тайи ин давра ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (4 март, ш. Москва), ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Россия оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба амалисозии Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҶТ дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҶТ аз 16 октябри соли 2004, (27-28 май) доир гардид.
Зимни ташрифи раиси вилояти Иваново ба ҶТ (21-23 май) Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вилояти Иваново ба имзо расида, робитаҳо бо чандин корхонаҳои вилояти Иваново ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин, ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони анъанавӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон низ тавсеа ёфта, дар сатҳҳои гуногун боздиду вохӯриҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои мухталиф барпо гардиданд.
Дар ин давра сафари расмии Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон (22-23 июн, ш. Тошканд) ва миёни Тоҷикистону Қазоқистон (19-20 март), рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон (8-12 июн), нахустин «Ҳафтаи синамои тоҷик" дар Озарбойҷон (10 то 14 март) ба вуқӯъ пайвастанд.
Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ низ рӯ ба инкишоф буданд.
Дар ин давра чорабиниҳои зиёде, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (май), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (3 апрел, ш. Бишкек), тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба пойтахтҳои фарҳангии ИДМ дар соли 2015 эълон карда шудани ш. Кӯлоб ва Воронеж (25 март, ш.Кӯлоб) баргузор гардиданд.
Дар соли 2015 раёсат дар СААД аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, тайи ин муддат дар Тоҷикистон чандин ҷаласаву чорабиниҳои ниҳодҳои мухталифи СААД, аз ҷумла ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД (2 апрел) таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии ҶТ доир гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва таъйини самтҳои нави ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиё натиҷаҳои боздидҳои Сарвазири Покистон Навоз Шариф (9-10 июн), Раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ (7-9 июн), сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон (12-14 май), силсилаи сафарҳои ҳайатҳои гуногунсатҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон, машваратҳои сиёсии Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон (3-4 май, ш. Исломобод) ва баргузории даври сеюми машваратҳо бо Вазорати корҳои хориҷии Туркия (26 июн, ш. Душанбе) нақши муҳим доштанд.
Зимни сафари кории Президенти ҶТ ба Тэгу (10-14 апрел, Ҷумҳурии Корея) ҷиҳати иштирок дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардида, Сафорати Тоҷикистон дар Сеул расман ифтитоҳ ёфт ва заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо низ тақвият пайдо кард.
Дар ин давра ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики стратегӣ -Ҷумҳурии Халқии Хитой идома дошт.
Ба манзури иҷрои амалии тавофуқҳое, ки миёни раҳбарияти олии Тоҷикистон ва Хитой соли гузашта моҳи сентябр дар Душанбе ва ноябр дар Пекин ҳосил шуда буданд, чандин сафари ҳайатҳои баландпояи Хитой, аз ҷумла роҳбарияти Ноҳияи мухтори Синдзиян Уйғур (18-20 апрел) ва роҳбарияти музофоти Хэнан (21-23 июн) ба Тоҷикистон сурат гирифта, мулоқоти онҳо бо Сарвари давлат танзим карда шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2015 муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо ва Америка густариш ёфта, дар баъзе самтҳо ҳамкориҳо сатҳ ва сифати нав касб намуданд.
Дар давраи сипаришуда ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) тавсеа ёфта, чандин чорабинии муҳим, аз ҷумла ҷаласаи дуюми “Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният” (10-12 март, Душанбе), ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (10 июн, Брюссел), ҷаласаи ҳафтуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон (11 июн, ш. Брюссел) баргузор гардиданд, инчунин, ҳайатҳои баландпояи ИА ба ҶТ ташриф оварданд.
Дар ин давра машваратҳои сиёсии байни Тоҷикистону Финляндия (1 июн, Душанбе), нишасти Гурӯҳи кории доимии байниидоравии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ (4-6 май, Душанбе) барпо ва Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт миёни Тоҷикистону Латвия таъсис ёфт.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯйдоду чорабиниҳои гуногун ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла, дар ин давра сафари Вазири корҳои хориҷии ҶТ ба ш.Вашингтон (14-18 июн), ташрифи муовини ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Д. Розенблум ва муовини ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат С. Фелдштейн ба Тоҷикистон (5-9 феврал), инчунин, маросими расмии оғози стратегияи USAID оид ба рушд барои солҳои 2015-2019 дар Осиёи Марказӣ (13 феврал, Душанбе), брифинги ҳайати ИМА оид ба вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (24 апрел) ва ғ. сурат гирифт.
Фаъолият дар самти дипломатияи бисёрҷониба ва густариши бештари ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба хусус дар доираи СММ, пурсамар буданд.
Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бар ӯҳда дорад ва чорабиниҳои солонаи барномаи мазкур дар охири сол дар ш. Душанбе баргузор мегарданд.
Дар давраи гузоришӣ дар самти ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ҷаласаи навбатии Гурӯҳи мақсаднок оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА (Task Force meeting) баргузор шуд, ки он дар тақвияти самтҳои ҳамкории кишвар бо ин ниҳод нақши муҳим дошт.
Дар ин давра ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рушду инкишоф ёфта, дар баробари чорабиниҳои муҳимми анъанавии ин Созмон, инчунин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таҳкими кӯшишҳо дар самти ҳамкориҳо бар зидди маводи нашъаовар (27 май, ш. Душанбе) барпо шуд. Дар Изҳороти муштараки конфронси мазкур, зимни муроҷиат ба ҷаласаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ оид ба мушкили ҷаҳонии моддаҳои нашъаовар, аз ташаббуси Президенти ҶТ оид ба эълон намудани солҳои 2016 – 2020 “Панҷсолаи тадбирҳои глобалӣ оид ба профилактикаи нашъамандӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим” ҷонибдорӣ гардид.
Дар ин давра чанд номинатсия, аз ҷумла “Фарҳанги оши палав”, “Фалак” барои баррасӣ ба Маркази мероси умумиҷаҳонии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод карда шуданд.
Зимни пиёдасозии самти иқтисодии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор дар татбиқи тарҳҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла хатти баландшиддати CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатти гази Туркманистон–Афғонистон–Тоҷикистон–Қирғизистон–Хитой ва Шоҳроҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА) идома ёфт.
Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳо бо Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС), Бонки ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои дигари молиявӣ тавсеа ёфта, Тоҷикистон, дар ин давра, ба узвияти Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пазируфта шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти консулии Вазорат ба иҷрои нақшаву вазифаҳои муқарраршуда равона гардида буд. Дар ин росто, аз ҷумла, супориши Президенти ҶТ дар бораи сари вақт бо шиносномаҳои хориҷӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва рушди муносибатҳои консулӣ бо кишварҳои хориҷӣ мавриди пайгирии ҷиддӣ қарор дошт.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, вобаста ба ин, 7 брифинг доир гардид.
Дар ин давра саҳифаи расмии Вазорат дар Facebook ва ҷустуҷӯи нави сомонаи Вазорат фаъол карда шуданд.