29 июли соли 2015 вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо сафирони кишварҳои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои рушди минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
С.Аслов ба сафирони кишварҳои Аврупо барои дастгирӣ ва изҳори омодагӣ ҷиҳати бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар манотиқи Тоҷикистон изҳори сипос намуд.