30 июли соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) барои Осиёи Марказӣ Бернард Дойл ва Роҳбари Намояндагии UNHCR дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар атрофи фаъолияти UNHCR дар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимоя ва расонидани кӯмак ба паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.