3 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба амният ва озодии эътиқоди диниро дар кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷониби Амрико барои кумакҳои ИМА, аз қабили дастгирӣ дар бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.