13 августи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирикро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои мухталиф ва инчунин масоили мубрами минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
С.Аслов ба Сафири Туркия барои саҳмгузорӣ дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар изҳори сипос намуд.