Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин

24.05.2022 08:51

23 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва рафти иҷрои нақшаҳои дар ин ҷода пешбинишуда дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмони ҳамкории Шанхай давоми 20 сол, ҳамкории кишварҳои аъзо, натиҷаҳои ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, ба Чжан Мин Дабири навтаъини Созмон дар фаъолияти хизматиаш барору комёбӣ орзу намуданд.

Ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ муҳокима шуданд.

Ба Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи амалӣ оид ба рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории пандемия дар минтақаи СҲШ, машварати вазирони саноат ва машварати вазирони энергетика, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

http://www.president.tj/node/28355

Нигористон

Тақвим