Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири барқ ва оби Давлати Кувайт

26.05.2022 10:55

25 майи соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири барқ ва оби Давлати Кувайт хонум Маҳа ас-Савсӣ доир гардид.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика бо назардошти таҷриба ва захираҳои фаровони обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки ҷониби кувайтӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми ҷонибҳо табодули афкори судманд сурат гирифт. 

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

26,05,2022,10,56.jpeg

Нигористон

Тақвим