Сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ш. Қазони Ҷумҳурии Тотористони Россия

26.05.2022 13:45

18-21 майи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи  сафар бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар мактабҳои олии таълимии ш. Қазон таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор гардид. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

Ҳамчунин Д. Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими шаҳри Қазон  мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дода, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

26,05,2022,13,45.jpg

 

Нигористон

Тақвим