Мулоқот бо соҳибкорони Ҷумҳурии Корея

27.05.2022 17:43

27 майи соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Кореяро, ки ба мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти шарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар ҷиҳати ҷалби сармоя бо назардошти зарфиятҳои фаровони мутақобила табодули афкор намуданд.

  1. Мо дар: Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
  2. Телеграм: t.me/mfa_tj
  3. Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan

27.05.2022.17.37.jpg

27.05.2022.17.382.jpg

27.05.2022.17.394.jpg

 

Нигористон

Тақвим