Ширкати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон

05.09.2015 15:34

4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) зери унвони “Шоҳроҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ширкат намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси мазкур ба масъалаҳои марбут ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои тавсеаи зербинои иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ ва газ, ба таълим фаро гирифтани мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, тамаркуз кард.

Матни суханронии Вазир дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон

Ширкати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон

Нигористон

Тақвим