4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул дар чаҳорчӯби ширкат дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбате, ки доир шуд, ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла самтҳои тавсеаи равобит миёни ду кишвар дар соҳаҳои марбут ба сохтмони лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, омӯзиши мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуданд.