4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул дар доираи иштирок дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амният дар сарҳади давлатӣ ва рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои шимоли Афғонистон, инчунин татбиқи барномаву лоиҳаҳои тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ тамаркуз карданд.
Зимни мулоқот инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.