Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

05.09.2015 16:43

4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул дар чаҳорчӯби Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо дарназардошти мавзӯи рӯзномаи Конфронс ҷонибҳо ба зарурати андешидани чораҳои муштарак дар сатҳи минтақа ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавсеаи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ба вежа дар самти рушди тиҷорати транзитӣ, аз ҷумла бо роҳандозии лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард ва интиқоли нерӯи барқ ба вилоятҳои шимоли Афғонистон таъкид карданд.

Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон

Нигористон

Тақвим