7 сентябри соли 2015 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи Конфронси «Об ва муносибатҳои накӯҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, нақши конфронси мазкурро, ки дар чаҳорчӯбаи ташаббуси Олмон бо номи «Раванди Берлин» доир мешавад, дар ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати ҳалли масоили об муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин таваҷҷӯҳи зиёд ба баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба зоҳир гардид. Ҷонибҳо зарурати рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар партави мувофиқатҳои роҳбарони олии ду кишвар таъкид намуда, онро ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ намуданд.