Муовини вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Подшоҳии Испанияро қабул кард

14.06.2022 14:39

13 июни соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хорхе Урбиола Лопесро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Испанияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Х.Урбиоларо ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, дар рисолати дипломатияш комебиҳо таманно намуд.

Нигористон

Тақвим