Баргузории ҷаласаи навбатии “Раванди Берлин”

10.09.2015 15:45

7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Давлати Исроил ширкат варзиданд.

Дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт.

Боиси тазаккур аст, ки ин раванд аз соли 2008 оғоз гардида, то ин дам ду марҳалаи он тай гардидааст. Дар ҷараёни Конфронси навбатӣ масъалаҳои вобаста ба марҳалаи саввуми  “Раванди Берлин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳадафи асосии ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон рушди устувори иқтисод ва суботи минтақавӣ тавассути чораҳои муштарак дар самти идораи манбаъҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъмини ҳамкориҳои муштарак миёни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар робита ба мавзӯъ мебошад. Раванди Берлин ба эътирофи ҷониби Олмон ҷузъи таркибии стратегияи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар самти минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар доираи нишасти Берлин тарҳи Эъломияи муштараки Конфронси сатҳи баланд “Об ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ”, ки қаблан мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор гирифта буд, баррасӣ гардид.

Нигористон

Тақвим