Дар шумораи навбатии маҷаллаи “Society Magazine” (Австрия), ки 10 июни соли 2022 нашр гардид, силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла маълумоти мухтасар оид ба таърих, фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ бо намоиши аксҳои табиати ғании кишвар нашр шудааст.
Дар ин шумора мусоҳибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии кишвар, нақши кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии Тоҷикистон чоп шудааст.
Илова ба ин, мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар оид ба робитаҳои дуҷониба ва инчунин мақолаҳо дар бораи равобити бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон низ нашр шудаанд.