Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

11.09.2015 13:29

10 сентябри соли 2015 бо ташаббуси ҷониби Иттиҳоди Аврупо суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт  баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат Ҳ.Шмидт ҳамлаи мусаллаҳонаи 4 сентябрро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон, ки боиси ҳалокати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид, маҳкум кард.

Ҳ.Шмидт ҳамдардии худро ба наздикони  қурбоншудагон баён намуда, қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри боздошти  гурӯҳи ҷинояткорон, ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.

Ҳ.Шмидт таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо омодааст,  ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризмро идома диҳад.

Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Нигористон

Тақвим