Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Британияи Кабир

11.09.2015 14:20

11 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳю Стэнли Филпотт баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дурнамои рушди минтақа, аз ҷумла чорабинии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи  байналмилалии амал  “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки ҷониби Тоҷикистон  дар чаҳорчӯби Саммити СММ-2015  рӯзи 27 сентябри  соли равон дар ш. Ню-Йорк баргузор менамояд,  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Британияи Кабир

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Британияи Кабир

Нигористон

Тақвим