Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Португалия

19.01.2024 11:36

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Португалия

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия 4 августи 1992 барқарор шудаанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер мебошад. Ӯ эътимодмаи худро 9 марти 2023 супурдааст, иқоматгоҳаш дар Москва аст.

Мубодилаи сафарҳои расмӣ байни ду кишвар. 9 июли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Португалия Антонио Мартинз да Крузро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ба вазъи минтақа ва хусусан Афғонистон диққати махсус доданд.

16 апрели соли 2009 вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Луиш Амаду ба Тоҷикистон ташриф овард ва мулоқотҳои ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардиданд. Вазирро ҳайати расмӣ иборат аз сафири Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануел Марселу Курту ва дигар роҳбарони идораҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия  ҳамроҳӣ карданд. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, вазъияти Афғонистон ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи муштарак муҳокима гардид.

8 июни 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.    Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия дар моҳи августи соли 2023 ба 51 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки он танҳо воридотро дар бар мегирад.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим