Муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил

01.03.2013 10:10

Давлати Исроил соли 1991 истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд ва 26 марти 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил барқарор гардиданд.

Моҳи октябри соли 1995 дар рафти ҷашнгирии маросими 50-умин солгарди таъсисёбии СММ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дидори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нахуствазири вақти Исроил Исҳоқ Робин баргузор гардид.

Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил (МАШАВ) мунтазам дар Давлати Исроил давраҳои омӯзиширо баргузор менамояд, ки ба он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват мешаванд.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил танҳо Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани Машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар натиҷаи нишасти якуми ҷонибҳо 27 феврали 2013 дар Душанбе ба имзо расидааст. Айни ҳол лоиҳаи ҳафт санади ҳамкорӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Мизони муомилоти тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Исроил ба талаботу имкониятҳои имрӯза ҷавобгӯ нест. Дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исроил ба 479,4 ҳаз. долл. ИМА баробар шуд.

Ҳамкорӣ инчунин миёни баъзе вазорат ва идораҳои ду кишвар ба роҳ монда шудааст. Ибтидои соли 2000 гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзии Исроил аз Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷумла, дар шакли табодули таҷриба соли 2006 гурӯҳи мутахассисон ва духтурони чашми Исроил ба Тоҷикистон сафар карда, якҷоя бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои чашм 40 ҷарроҳӣ гузарониданд.

2-6 июни 2016 сафари расмии Раиси гурўҳи дустии байнипарлумонии Исроилу Тоҷикистон хонум Шаррен Хаскел, узви Кнессети Парлумонии Давлати Исроил Йосиф Йона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафар ҳайати мазкур бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Гурўҳи дустии парлумони Точикистону Исроил ва муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ мудофиа ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Нигористон

Тақвим