Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон 15-уми ноябри соли 2007 барқарор шудаанд.
29-уми октябри соли 2018 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо қароргоҳ дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло таъйин гардид.
Аз 1-уми марти соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Теҳрон Иброҳим ибни Аҳмад Ал-Муайнӣ мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Юсуф ибни Алавӣ барои иштирок дар Ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ 17 – 20-уми майи 2010 ба Тоҷикистон ташриф оварда, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
15-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Нишасти дуюми муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Бадр ибни Ҳамад Ал-Бусаидӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
28-уми марти соли 2023 даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар сатҳи муовинони вазир баргузор шуд, ки дар рафти он доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
03.03.2025