26 августи соли равон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Д.Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Екатеринбург бо роҳбари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов мулоқот анҷом дод.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҷалби сайёҳон ва табодули фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони маркази фарҳангии тоҷикон дар Екатеринбург баррасӣ шуд.
Худи ҳамон рӯз сафири Тоҷикистон дар Русия бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Урал Андрей Беседин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск баррасӣ гардида, доираҳои соҳибкорӣ барои иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват шуданд.
Ҳамчунин зимни сафар ӯ бо Ректори “Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал” Яков Силин ва ректори “Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти нахустини Русия Б.Н. Ельцин” Виктор Кокшаров мулоқот анҷом дод, ки зимни он табодули афкор дар мавриди омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисод дар бахши саноат, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф миёни мактабҳои олии Тоҷикистон ва “Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Урал” таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Екатеринбург ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Урали Русия бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Екатеринбург, инчунин ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот кард.