Дар робита ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов аз 19 сентябри соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, чунин изҳорот дар асоси сохтакорй ва таҳрифи далелҳои қалбакй, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халкҳои мо душвор гардонад.
Дар робита ба ин Вазорат бори дигар мавқеъи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъро дар фазои расонаӣ тасдиқ мекунад.
19 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амнияти давлатии ду кишвар ба имзо расидани протокол дар бораи танзими вазъ дар марз истиқбол гардида, ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки риояи қатъии он имкон медиҳад то раванди музокирот аз рӯйи тамоми маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таҷдид карда шавад.