Ба Осорхонаи Британия (The British Museum) нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон (ҳамагӣ 67 намуд) супорида шуданд, ки онҳо дар Осорхонаи Британия ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷараёни боздид аз Осорхонаи Британия, ки моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Британияи Кабир сурат гирифт, пешниҳод гардида буд.
Ҳамзамон пас аз сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Британияи Кабир як ҳайати Осорхонаи Британия ба Тоҷикистон сафар намуданд. Зимни боздид намояндагони Осорхонаи Британия аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” дидан карда, маълумотҳои муҳим доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон ҷамъ оварданд.
Ин иқдом баҳри барқарор намудани ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия ва густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир мусоидат хоҳад кард.