14 октябри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Кордори навтаъйини Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Авни Аксойро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия ва рафти татбиқи натиҷаҳои машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин дар атрофи тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва тақвияти фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ табодули назар сурат гирифт.