13-14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкории молиявию техникӣ баргузор гардиданд.
Дар рафти ин машваратҳо иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, ки моҳи октябри соли 2014 дар шаҳри Бонн ба имзо расида буд, баррасӣ гардида, масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар давраи минбаъда ба хотири рушди устувор муҳокима гардиданд.
Ҷониби Олмон омодагии худро ҷиҳати минбаъд дастгирӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи стратегияи миллии миёнамӯҳлати рушд дар давраи солҳои 2016-2022 иброз намуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар рафти ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар моҳи октябри 2014 Ҳукумати Олмон дар доираи “Барномаи ҳамкориҳо баҳри рушд” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи навбатӣ наздики 55 млн. евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ ҷудо намуд.