Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо гуруҳи соҳибкорони кореягӣ

16.10.2015 17:21

16 октябри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо гуруҳи соҳибкорони кореягӣ бо роҳбарии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Янг Ҳи Квон  баргузор гардид. Ҳайати мазкур дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» қарор дорад.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи муштарак ҷиҳати тавсеаи имконот ва ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ таъйид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ба гурӯҳи соҳибкорони Корея ҷиҳати расонидани кӯмаки техникӣ ба хонаи нобиноёни ноҳияи Ҳисор, таҳвили компютерҳо ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва дастгирии молиявӣ ба хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе арзи сипоси ҷониби Тоҷикистон изҳор гардид.

Нигористон

Тақвим