Дидори Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон

16.10.2015 18:34

16 октябри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар атрофи фаъолияти UNHCR дар Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимоя ва расонидани кӯмак ба паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар кишвар, ҳамкориҳои кишвар бо ин ниҳоди СММ дар таҳкими зарфиятҳои мақомоти дахлдори кишвар, инчунин вазъи сиёсиву иҷтимоии минтақаҳои шимоли Афғонистон табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим