Ҷаласаи навбатии ШҲМ Созмони Ҳамкории Шанхай

20.10.2015 16:39

20 октябри соли 2015 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи муштараки коршиносони кадрӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии давлатҳои аъзои СҲШ кори худро оғоз намуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок менамояд.

Дар рафти ҷаласаҳои дар боло номбурда мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (Кунмин, декабри соли 2015) пешниҳод мешаванд, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим