20 октябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Кордори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камадаро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба масоили густариши муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳумкориҳои Тоҷикистону Ҷопон ва инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.