23 октябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Ҷумҳурии Латвия Игорс Апокинс бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир оид ба корҳои махсуси Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хайрбодӣ барпо намуд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвия тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ ба Игорс Апокинс дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.