Супоридани эътимодномаҳои Намояндаи доимии Тоҷикистон ба Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

24.10.2015 08:32

23 октябри соли 2015 маросими супоридани эътимодномаҳои Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов ба Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Роберто Азеведо баргузор гардид.

Пас аз маросим суҳбати Ҷ. Ҳомидов бо Р. Азеведо барпо гардида, дар он мусоҳибон доир  ба сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мубодилаи афкор намуданд. Инчунин масъалаҳои вобаста ба Созишномаи СУС оид ба содагардонии низоми савдо баррасӣ карда шудаанд.

Супоридани эътимодномаҳои Намояндаи доимии Тоҷикистон ба Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

Нигористон

Тақвим