Дидори Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Фаронса

29.10.2015 15:28

29 октябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим - Париж 2015 ва дигар масъалаҳои байналмилалии мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дидори Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Фаронса

Нигористон

Тақвим