Имрӯз, 31 октябри соли 2015 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар аввалин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (С5+1), ки 1 ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.
Дар рафти ин мулоқот масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокимаи ҳайатҳо қарор хоҳанд гирифт.