1 ноябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нахустин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар сиғаи “С5+1” дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, иштирок намуд.
Вазирони корҳои хориҷии шаш кишвар масъалаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва гуманитарӣ, аз қабили рушди иқтисод, масоили вобаста ба истифодаи обу энергетика, амнияту суботи минтақавӣ, ченаки инсонӣ ва ҳамкориҳои маорифию фарҳангиро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами сиёсати минтақавию глобалӣ ибрози назар карданд.